Ифтитоҳи мактаб-интернат дар ҷамоати Шугноби ноҳияи Ховалинг

Сентябрь 29, 2013 18:17

Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг мактаб-интернат барои 320 нафар хонанда бо хобгоҳаш ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Зимни ифтитоҳи мактаб-интернат, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он бо 15 синфхона барои 320 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. 4 синфхонаи он барои фанҳои дақиқ ва дарсҳои компютерӣ махсус гардонда шуда, 6 синфхона дорои тахтаи электронӣ мебошад.Барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълиму тарбияи хонандагон ба ин ҷо омӯзгорони кордону соҳибтаҷриба ҷалб шудаанд. Омӯзгорон бо маоши моҳонаи 2 ҳазор сомонӣ, хонаи истиқоматӣ ва хӯроки бепул таъмин мебошанд. Маоши роҳбари мактаб 2,5 ҳазор сомонӣ муайян шудааст.Чунонки аён гардид, хобгоҳи мактаб-интернат дорои 320 ҷойи хоб ва шароити хуби зисту дарстайёркунӣ мебошад. Аз ин хотир дар ин мактаб як гурӯҳ хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои дигар низ таҳсил мекунанд.Дар бинои истиқоматии барои мактаб бунёдгардида, ки дорои 10 хонаи барҳаво мебошад, омӯзгорони аз роҳҳои дур ҷалбшуда бо манзили зист таъмин гардидаанд.Мактаб, ҳамчунин дорои толори барҳавои маҷлисӣ, толори бузурги варзишӣ, майдони варзишӣ ва ошхонаи зебою муҷаҳҳаз мебошад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон ва таҷҳизоти мактаб баҳои баланд дода, ба роҳбарияти корхонаи заршӯии Одина арзи сипос кард. Тавре зикр гардид, ҳам лоиҳакашӣ ва ҳам сохтмони биноҳои мактаб аз ҷониби мутахассисони худи ҳамин корхона анҷом дода шудааст.Зимни суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр гардид, ки расо ду сол пеш ба субъектҳои хоҷагидори ин ҷамоат, аз ҷумла ба корхонаҳои заршӯии Одина, Союз-Зар ва Ганҷ барои бунёди мактаб-интернат ва ду мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар деҳаҳои Шугноб, Сангдара ва Зелолак супоришҳои мушаххас дода шуда буд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар доираи иҷрои ин супоришҳо дар Ҷамоати деҳоти Шугноб аз ҷониби корхонаи заршӯии Одина сохтмони мактаб — интернат, коргоҳи нонпазӣ, коргоҳи заргарӣ бо 30 ҷойи корӣ ва корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ва маҳсулоти кишоварзӣ, коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ пурра ба анҷом расонда шуд. Инчунин сохтмони мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар деҳаи Зелолак аз ҷониби корхонаи заршӯии Помир дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, бунёди мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ барои синфҳои ибтидоӣ дар деҳаи Сурхо бо маблағгузории корхонаи Ганҷ пурра ба анҷом расидааст. Ба Вазорати энергетика ва саноат ва корхонаи Союз-Зар дастур дода шуд, ки сохтмони кашолёфтаи мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар деҳаи Сангдараро ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 

Сентябрь 29, 2013 18:17

Хабарҳои дигари ин бахш

23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
21 июл дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад