Ифтитоҳи мактаби нав дар Истаравшан

Сентябрь 3, 2013 11:20

       Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар арафаи Рӯзи дониш бинои иловагии мактаби № 30 – и деҳаи Тӯдаи ноҳияи Истаравшан мавриди истифода қарор дода шуд. Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд пас аз буридани лентаи рамзӣ аз бинои нав дидан карда,  изҳор дошт, ки дар вилоят барои сохтмони мактабҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мешавад.
       Ёдовар мешавем, ки бинои асосии мактаб соли 1932 бунёд шуда, қисми дигари он соли 1982  ба тариқи ҳашар сохта шуда буд ва мактаб бо фарогирии беш аз 640 нафар мактаббача дар се баст фаъолият дошт. Ҳамакнун бинои иловагии мактаб, ки аз 8 синфхона иборат мебошад, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо харҷи 1 миллиону 656 ҳазор сомонӣ  ба истифода дода шуд. Фаромоишгари иншоот идораи сохтмонии асосии вилоят буда, пудратчии он ҶДММ “Бунёдкор” мебошад.
       Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан сохтмони мактабҳо идома дошта, дар айни замон сохтмони биноҳои нави мактаби № 11, инчунин  дар деҳаи Оби Ҷумак, ҷамоати деҳоти Зарҳалол, бинои иловагии мактаби № 15, бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди мактаби № 23 идома доранд.

Сентябрь 3, 2013 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд