Ифтитоҳи минтақаҳои маъмурии милитсия дар Сағирдашт ва Язгулом
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бо мақсади беҳбуд бахшидан ба кори нозирони минтақавӣ бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвози вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бинои маъмурии минтақавии милитсия ифтитоҳ гардид.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, бинои нави маъмурӣ аз ду ошёна иборат буда, бо тамоми шароитҳои муосир муҷаҳҳаз гардида, барои кормандони милитсия шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Дар минтақаи маъмурии милитсия 13 нафар нозирони минтақавӣ фаъолияти хизматӣ намуда, дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоат метавонанд қонуншиканиву содиршавии ҷиноятҳоро пешгирӣ намоянд.Чунин як бинои маъмурии минтақавии милитсия дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ низ мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои маъмурӣ дорои тамоми шароитҳои муосир буда, барои пеш бурдани фаъолияти хизматии нозирони минтақавӣ, ҳамчунин ҳамкорӣ бо ҷомеа ва ҳалли мушкилоти онҳо дар ҳамбастагӣ ва якҷоягӣ мусоидат менамояд.Дар суҳбат бо мо сардори ШВКД дар ноҳияи Ванҷ полковники милитсия Имматшо Қаноатов иброз дошт, ки: «Кушодашавии минтақаҳои маъмурии милитсия дар ҷамоатҳои деҳоти мазкур ба манфиат буда, робитаю алоқаи аҳолиро бо кормандони милитсия дар бартараф намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ боз ҳам қавитар мегардонад».








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






