Ифтитоҳи озмоишгоҳи инноватсионии тиббӣ

Сентябрь 5, 2013 13:57

Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати тадурустии ҶТ хабар доданд, яке аз иншооти муҳиме, ки бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд, озмоишгоҳи инноватсионии тиббӣ аст, ки бо харҷи беш аз 15 миллион сомонӣ, маблағҳои муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди глобалӣ бунёд ёфта, бо навтарин дастгоҳу таҷҳизот муҷаҳҳаз гардидааст.  Дар сатҳи миллӣ таъсис додани Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ» ҳамчун воҳиди мустақили дорои сохтори дахлдор бо мақсади дарёфти саривақтии беморони сил, инчунин беморони сили шакли мутобиқгашта, ВНМО/БПНМ, вараҷа, зардпарвин ва дигар бемориҳои сироятӣ пешбинӣ шудааст, ки барои таъмини табобати пурсамари беморон мусоидат мекунад. Инчунин таъсиси муассисаи мазкур баҳри ҷоннок намудани пойгоҳи моддию техникии озмоишгоҳҳои соҳаи зиддисилӣ ва дигар озмоишгоҳҳо ҳамзамон, ҳамоҳангсозии масъалаҳои алоқамандро таъмин намуда, барои ба кишвар ворид гардидани маблағҳои иловагии саҳмгузорони абарқудрати дунё мусоидат менамояд. Дар баробари оғози фаъолияти озмоишгоҳи мазкур зиёда аз 50 ҷойи нави корӣ ташкил мешавад. Зикр кардан зарур аст, ки Вазорати тандурустӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Пажуҳишгоҳи гастроэнтереологияи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ»-ро ба анҷом расонид. Барои сохтмони озмоишгоҳи мазкур 13 млн. 765 ҳаз. 980 сомонӣ сарф шудааст. Инчунин, барои фаъолияти минбаъдаи озмоишгоҳи мазкур ба миқдори 1 млн. 371 ҳаз. 37 сомонӣ асбобу дастгоҳҳои муосири замонавӣ дастрас карда шудаанд. Қайд кардан зарур аст, ки чунин озмоишгоҳи замонавӣ ва пуриқтидор то ҳол дар давлатҳои Осиёи Миёна арзи вуҷуд надорад.Дар марҳилаи аввали корӣ гузаронидани ташхисҳои бемориҳои сил, ВНМО/БПНМ ва вараҷа барои ниёзмандон дар асоси хизматрасонии тиббии ройгон ба роҳ монда мешавад.

Сентябрь 5, 2013 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд