Ифтитоҳи варзишгоҳ дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи н. Б. Ғафуров
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин варзишгоҳи бошукӯҳи дорои 7 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Тавре зикр гардид, сохтмони ин варзишгоҳи бошукӯҳ соли 2011 оғоз ёфта, дар майдони 6 га соли 2011 бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ дар давоми 2 сол барои баҳрабардорӣ омода гардид.Корти тенниси варзишгоҳ мувофиқ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ бунёд ёфта, метавонад боиси рушди ин намуди варзиш дар деҳоти ин ҷамоат гардад.Варзишгоҳ, ҳамчунин дорои ҳавзи болопӯшидаи шиноварии стандартӣ ва майдонча барои волейбол, баскетбол, гимнастикӣ ва дигар бозиҳо мебошад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






