Имзои Ёддошт дар бораи ҳамкорӣ

Сентябрь 16, 2013 10:59

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев бо президенти Палатаи савдою саноат, маъдан ва кишоварзии музофоти Албурзи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Тусӣ баргузор гардид. Тавре ки аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, меҳмон зимни суханрониаш дар бораи иқтисодиёти музофот, имкониятҳои ҳамкорӣ, фаъолияти палата ва мақсадҳои сафари ҳайати Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл кард.Асаналӣ Карамалиев дар навбати худ ба меҳмон аз фаъолияти Палатаи савдо ва саноати ҶТ нақл карда, ба масоили ҳамкории палатаҳои ҳар ду кишвар дахл намуда, таваҷҷӯҳи меҳмонро ба ташкили намоишгоҳу ярмаркаҳо ва сафари ҳайатҳои аҳли тиҷорат ба кишварҳои якдигар ҷалб намуд. Дар хотимаи мулоқот Ёддошт дар бораи ҳамкории байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдою саноат, маъдан ва кишоварзии музофоти Албурз имзо гардид.

Сентябрь 16, 2013 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад