Ирсоли китобҳо ба Фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Дар доираи сафари ҳайати расмии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ба шаҳри Душанбе ва иштирок дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба об, Котиби генералии ЕврАзЭС Т.А. Мансуров ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо кору дастовардҳои он шинос гардид ва дар хотима зикр намуд, ки ҳақикатан китобхонаи мазкур ба яке аз сарчашмаҳои ифтихори миллии халқи тоҷик мубаддал гардида, дар баробари он имкони дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои байналмилалиро дорад.
Бо фармоиши Котиби генералии ЕврАзЭС барои пурра намудани Фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобу маҷаллаҳо бахшида ба ҳамкориҳои кишварҳои аъзои ЕврАзЭС ҷудо гардида, рӯзҳои наздик ба Душанбе ирсол мегарданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» директори департаменти соҳаи иҷтимоию гуманитарии котиботи Кумитаи ҳамгироии ЕврАзЭС Абдулазиз Шарифов хабар дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






