Иштирок дар машқҳои «ГРОМ-2013»
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — 20 сентябри соли 2013 дар Ҷумҳурии Қирғизистон машқҳои махсуси маҷмӯии байналмилалии қисмҳои мақомот ва хадамотҳои зиддимухаддиротӣ, қӯшунҳои дохилӣ, мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳайати қувваҳои таъйиноти махсуси Қувваҳои муттаҳидаи СААД «ГРОМ-2013» баргузор мегарданд.Дар машқҳо қисми таъйиноти махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, кормандони СОБР ва хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилии ВКД Қирғизистон ва инчунин намояндагони ХФНМН Русия иштирок меварзанд.Дар доираи машқҳо гузаронидани амалиёти муштарак бар муқобили гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки даст бар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар задаанд, ба нақша гирифта шудаанд.Тавре ки аз дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин машқҳо имкон медиҳанд, ки роҳҳои нави мубориза бо қочоқи маводи нашъаоварро дар ҳудуди давлатҳои СААД бо назардошти он ки соли 2014 қувваҳои ҳарбии байналмилалӣ аз хоки Афғонистон бароварда мешаванд, такмил дода шаванд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






