Иштироки ҳайати ҶТ дар «Муколама дар Шоҳроҳи бузурги абрешим»
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Аз 27 то 31 августи соли ҷорӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинари минтақавии «Муколама дар Шоҳроҳи бузурги абрешим» дар шаҳри Бишкек иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Турсун ва сардори шуъбаи Комиссияи миллии ҶТ оид ба корҳои ЮНЕСКО Шаҳло Абдураҳимова муаррифӣ намуданд. Академик Акбар Турсун оид ба нақши муколамаи байнифарҳангӣ, ҳамзистии тамаддунҳои гуногун сухан ронда, мавқеи Тоҷикистонро роҷеъ ба ин масъала изҳор кард. Котиби масъул Ш. Абдураҳимова муҳимияти мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ (анъана, забон, хат ва урфу одатҳо)-и ҳар як кишварро муҳим арзёбӣ намуда, ҳифз, тарғиб ва муаррифии онҳоро ба ҷаҳониён, ки дар замони ҷаҳонишавӣ хатари нестӣ доранд, таъкид намуд ва ба ҳамкории зич миёни комиссияҳои миллӣ ва Академияи илмҳо, Вазорати фарҳанг, ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ ва мутахассисон даъват намуд. Ҳамзамон дар доираи семинар вохӯрии котибони масъули Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои минбаъда, муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла дида баромадани номгӯйҳои якҷоя аз лоиҳаи Шоҳроҳи бузурги абрешим Панҷакенти қадима ва Ҳулбук , пешниҳод оид ба интихоби Тоҷикистон ба Кумитаи биоэтикаи ЮНЕСКО, пешниҳодҳои якҷоя ба Феҳристи мероси моддӣ ва ғайримоддӣ гуфтушунид гузарониданд. Бояд зикр кард, ки аз ҷониби Тоҷикистон лоиҳаҳои “чакан”, “фалак” ва объектҳои фарҳангӣ ва табиӣ барои солҳои 2014-2017 пешниҳод мешаванд.Чунин вохӯриҳои минтақавии котибони масъул барои коркарди диди ягонаи корбарӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди минтақавӣ мусоидат хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






