Иштироки ҳайати «Амонатбонк» дар Форуми иқтисодии Аврупо
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Ҳайати БДА ҶТ «Амонатбонк» таҳти роҳбарии муовини раиси бонк С. Икромов дар Форуми иқтисодии Аврупо, ки аз 25 то 28-уми сентябри соли равон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин гузашта истодааст, иштирок доранд.Тавре ки дар ин бора аз аз БДА «Амонатбонк» хабар доданд, дар кори Форум намояндагиҳои бонкҳои давлатӣ аз кишварҳои Аврупо ва Осиё, инчунин намояндагиҳои инистутҳои байналмилалии сармоягузор ва намояндагиҳои бонкҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) иштирок доранд.Гуфта мешавад, ки дар форуми мазкур масъалаҳои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин дастгирии савдои хурд ва миёна дар кишварҳои Аврупо ва Осиё ва дигар масъалаҳое, ки дар дафтари Форум матраҳ мешавад, ин рушди тиҷорат ва иқтисодиёт мебошад, ки мутахассисони соҳа дар се рӯзи баҳамойӣ баррасӣ хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






