Иштироки Э. Раҳмон дар маросими оғози навсозии роҳи мошингарди Ховалинг-Восеъ
Душанбе, 29 сентябр (АМИТ «Ховар»).Душанбе, 29 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Тавре зикр гардид, яке аз ҳадафҳои асосии боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ховалинг иштирок дар маросими тантанавии оғози навсозии роҳи мошингарди Ховалинг-Восеъ мебошад.Зимни шиносоӣ бо нақшаи навсозии роҳи мошингарди Ховалинг-Восеъ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин роҳи 87-километра ва қитъаи Сайрон-Қарамиқи шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон бо харҷи беш аз 89 миллион доллари амрикоӣ мавриди навсозӣ қарор мегирад. Аз ин маблағ 19 миллион доллараш саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70 миллион маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд мебошад. Дар доираи ин лоиҳа дар масири Восеъ-Ховалинг 87 км роҳи асосӣ бо 12 пули хурду бузург ва ҳамчунин 30 км роҳҳои маҳаллии деҳот навсозӣ мешаванд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар доираи ҳамин лоиҳа роҳи Восеъ Ховалинг, бояд ҳамчунин бо сифати баланд ба шоҳроҳи Кӯлоб ва роҳи Ховалинг-Балҷувон пайваст карда шавад.Зимни суханронӣ дар назди мардум Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо оғози навсозии ин роҳ табрику таҳният гуфта, ба роҳсозон дастур дод, ки корҳои навсозиро бо сифати баланди байналмилалӣ анҷом диҳанд. Чунонки таъкид гардид, роҳ бояд тавре навсозӣ шавад, ки ба ин минтақаи дурдасти кӯҳистон даҳсолаҳо хизмат кунад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






