Иштироки Президент дар ифтитоҳи Маркази дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд
Душанбе, 29 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг бо иштирок дар ифтитоҳи Маркази дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд оғоз ёфт.Тавре иттилоъ дода шуд, ин марказ дар заминаи собиқ мактаб бо харҷи беш аз 500 ҳазор сомонӣ барои таълиму тарбияи кӯдакони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ омода гардидааст.Чунонки аён гардид, дар ин ҷо барои таълиму тарбия ва ҳунаромӯзии ин кӯдакон тамоми шароити барои онҳо махсус омода гардидааст. Дар ин ҷо асосан кӯдакони синни томактабӣ барои шомил шудан ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ омода карда мешаванд.Тавре зикр гардид, ин муассиса бо кумаки молиявии созмони ҷамъиятии Миссияи Шарқ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо таъсис дода шудааст, омода гардида, барои 120 нафар кӯдакони дорои имконоти маҳдуд пешбинӣ шудааст.Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки созмони Миссияи Шарқ чунин корҳоро дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод, Шӯрообод ва Панҷакент низ бо харҷи беш аз 350 ҳазор евро амалӣ менамояд.Зимни суҳбат бо тарбиятгирандагони ин муассиса Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки рӯзҳои наздик ба ҳар яки онҳо сарулибоси зимистона, бозичаҳо, шириниҳо ва ҳар гуна маводи хӯрокаи иловагӣ дастрас намоянд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






