Истиқлолият — неъмати бебаҳои миллат
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — 4 сентябри соли равон дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт бахшида ба 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Истиқлолият — неъмати бебаҳои миллат аст» баргузор гардид. Дар конфронс муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов А.Ш., вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2-юм Имомом А.Х., сардори шуъбаи Прокуратураи нақлиётӣ Қаюмов С.А., муовини сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Каримов Қ.Б., шунавандаҳои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, афсарон ва сарбозони Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, ҳайати шахсии ноҳияи Шоҳмансур ва РВКДН иштирок намуданд. Сардори кафедраи «Фанҳои ҷамъиятӣ»-и Академияи ВКД, номзади илмҳои фалсафа, полковники милитсия Р.Ҷӯраев дар мавзӯи «Истиқлолияти сиёсӣ — асоси ташаккули давлатдории миллӣ» маърӯза намуд. Дар анҷом иштирокчиёни конфронс бо дастовардҳои илмии олимони Академияи ВКД дар намоишгоҳи толори «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дидан намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






