КМИР ба инъикоси раванди интихобот аҳамияти ҷиддӣ медиҳад
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар оғоз раиси КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён доир ба ҷараёни тайёрӣ ба интихобот, амалӣ намудани чорабиниҳои нақшавӣ ва нақшаҳои минбаъдаи комиссияҳои интихоботӣ маълумот дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки КМИР ба инъикоси раванди чорабиниҳои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, зеро шаффофияти интихобот аз кори ба самъи аҳолӣ расонидани иттилооти саривақтӣ ва саҳеҳ вобастагии калон дорад. Ш. Шоҳиён иттилоъ дод, ки барои баргузории интихоботи президентӣ 3153 участкаи интихоботӣ ташкил шуда, ҷиҳати дар доираи талоботҳои қонунгузории кишвар фаъолият намудани ин участкаҳо бо аъзои онҳо рӯзҳои наздик семинарҳои омӯзишӣ доир шуда, талаботои қонун ва қарорҳои КМИР шарҳу тавзеҳ дода мешаванд. Сипас гузориши роҳбари дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев оид ба раванди ҷамъоварии имзоҳои шаҳрвандон ба тарафдории номзадҳо ба мансаби Президент пешбаригарида дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, муроҷиату дархостҳои воридгардида доир ба ин масъалаҳо ва корҳои анҷомдодашуда дар ҳалли монеаҳои пайдошуда шунида шуд.Дар нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО доир ба паҳлуҳои гуногуни ҷараёни тайёрӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саволу дархостҳо пешниҳод карда, аз ҷониби масъулин ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






