Коммунистон номзади худро пешниҳод карданд
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Имрўз дар шаҳри Душанбе анҷумани 30-юми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон баргузор гардид. Дар анҷуман 86 вакил, намояндагони ВАО ва як зумра меҳмонон ҳузур доштанд. Дар анҷумани мазкур чанд масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Шодӣ Шабдолов, раиси коммунистҳои Тоҷикистон дар анҷумани мазкур Исмоил Талбаковро ба ҳайси номзади арзанда муаррифӣ кард ва ҳамин тавр ба ӯ барои сабқат ва дарёфти курсии раёсати ҷумҳурӣ роҳи сафед хост. Ҳамчунин дар ҷараёни анҷуман, дар робита ба қазияи Сурия изҳорот қабул шуд, ки дар ин росто, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо қабули ин санад пуштибонии худро аз талошҳои Русия барои ҳалли мусолиматомези қазияи Сурия баён кард. Гуфтан бамаврид аст, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон то кунун дар интихоботҳои президентӣ ва порлумонии Тоҷикистон бо пешбарии номзадҳояш ширкат кардааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






