Корҳои сохтмонӣ дар «Маркази барқу гармидиҳӣ-2»

Сентябрь 26, 2013 14:43

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Корҳои сохтмонӣ дар майдончаи сохтмони «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» идома доранд. Тавре ки дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноат хабар доданд, дар иншооти мазкур зиёда аз 1400 нафар коргарону мутахассисон фаъолият дошта, дар назар аст, ки ҳафтаи оянда шумораи онҳо ба 1500 нафар расонида шавад. Теъдоди техникаҳои барои сохтмони ин иншоот ҷалбшуда зиёда аз 160 ададро ташкил медиҳад. То имрӯз дар сохтмони «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» 42000 метри мукааб бетон истифода шудааст. Ҳоло сохтмони дегхонаи № 1 ва лӯлаи дудбарор пурра ба итмом расида, сохтмони иншооти обсардкунӣ бо баландии 87 метр расонида шудааст. Аз оғози сохтмон то имрӯз дар майдончаи сохтмонии «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» дар шаҳри Душанбе ҳар ҳафта бо иштироки роҳбарияти Вазорати энергетика ва саноат ҷаласаи ситод доир мегардад. Ёдовар мешавем, ки «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» тибқи Созишномаи байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ»дар бораи татбиқи лоиҳаи сохтмони «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» бо усули «захиравӣ» бунёд мегардад.

Сентябрь 26, 2013 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад