Корхонаҳои коркарди мева ниёз ба зарфҳои шишагин доранд
Муъминобод, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар ноҳияи Муъминобод якчанд корхонаи коркарди меваю сабзавот фаъолият дорад, ки онҳо дастранҷи деҳқононро харида, коркард мекунанд. Корхонаи коркарди меваи хоҷагии деҳқонии «Умедҷон» 15 нафар сокинони маҳаллиро бо ҷои кор таъмин намуда, коргарони он то ин муддат беш аз 10 тонна себу нок ва олучаю зардолу хушконидаанд. Имрӯзҳо ба корхона таҷҳизоти муосири соҳавӣ ворид мегардад ва коргарон аз усули дастии консервакунонӣ ба механикӣ гузашта истодаанд.Корхонаи консервабарории «Оила» соли панҷум аст, ки фаъолият дорад ва ҳамасола истеҳсоли маҳсулотро бештар менамояд. Маҳсулоти ин корхона харидорони худро дорад ва бо беҳтар шудани сифати консерва талаботи харидорон низ афзудааст. Соли ҷорӣ дар ин корхона истеҳсоли мураббо ва шириниҳоро ба роҳ монданд. Мушкилоти асосии корхонаи мазкур надоштани хоҷагии ёрирасон аст ва барои дастрас намудани ашёи хом, аз ҷумла помидору бодиринг ва дигар намуди сабзавот бо хоҷагиҳои деҳқонӣ шартнома бастаанд, ки дар аксар маврид нархи сабзавоту полезиҳо гарон меафтад. Мушкилоти дигар набудани корхонаи истеҳсоли қуттӣ ё зарфҳои шишагини гуногунҳаҷм аст. Ҳангоми овардани зарфҳо аз вилояти Суғд як қисмашон мешикананд ва гаронии роҳкиро ба нархи маҳсулоти истеҳсолшуда таъсир мерасонад.Дар ҶММ «Мирзоев» низ маҳсулоти консерва ва мураббоҳои гуногун истеҳсол мешавад. Дар ин корхона тачҳизоти хушккунанда ва банду баст мавҷуд аст, ки меваҳои маҳаллиро хушконида, бастабандӣ мекунанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






