Корхонаҳои нави дӯзандагии кишвар
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – Дар ҳошияи барномаи давлатӣ оид ба рушди саноати сабук аз оғози соли ҷорӣ дар Тоҷикистон панҷ корхонаю коргоҳи хурди дӯзандагӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.Бунёди корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ва ташкили ҷойҳои нави кор мусоидат менамояд. Қобили зикр аст, ки истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ сифатан аз маҳсулоти хориҷӣ фарқ надорад.Корхонаҳои саноати сабук аз аввали сол ба маблағи беш аз 94 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2012 баробари 28,2 фоиз зиёд аст. Назар ба гуфтаи манбаъ, то охири соли равон боз 6 корхонаи бахши саноати сабук ба истифода дода хоҳад шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






