Кормандони милитсия касбияти худро баланд мебардоранд
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо иштироки кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он 23 сентябр дар душанбе курси кӯтоҳмуддат дар мавзӯи «Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо ҷомеа» оғоз ёфт.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ба иштирокчиёни барномаи мазкур, роҳбари Эмерҷенс-гуруҳи Сафорати Амрико дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳолӣ доктор Ричард Нибуш ва Рон Боурн дарс мегӯянд.Бояд тазаккур дод, ки муносибатҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо Эмерҷенс-гуруҳи Сафорати Амрико тайи чанд соли охир дар сатҳи баланд қарор дошта, дар ин замина ба натиҷаҳои назаррас низ ноил гаштаанд.Фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои нозирони минтақавӣ дар шаҳру навоҳӣ ва мустаҳкам гаштани эътиқоди шаҳрвандон ба милитсия шаҳодати ин гуфтаҳост.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






