Кормандони молия мукофот гирифтанд
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар шаҳри Душанбе барои супурдани мукофотҳои ҳукуматӣ ба кормандони низоми молиявӣ дар арафаи 22 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи умумии кормандони Вазорати молияи Тоҷикистон ва муассисаҳои зертобеи он баргузор гардид. Дар ҷаласа Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Ф.Ҳамралиев ва Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Сафаров ширкат доштанд.Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ф.Ҳамралиев кормандони Вазорати молияи кишварро муборакбод намуда ва бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатиро ба коркунони низоми молиявии кишвар супурд.Дар анҷоми ҷаласа вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Наҷмуддинов ҳозиронро даъват намуд, ки ин ҷашни фархундаро бо нишондодҳои баланди фаъолияти меҳнатиашон истиқбол намоянд. Вазир ҳамчунин зикр намуд, ки таҳкиму рушди мувозинати иқтисодии кишвар аз бисёр ҷиҳат вобаста ба ибтикору натоиҷи фаъолияти поквиҷдононаю судманди кормандони низоми молиявӣ мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






