Кормандони Вазорати меҳнат соҳиби мукофот гардиданд
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Бахшида ба 22 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти вазорат ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои системаи он иштирок намуданд. Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов оид ба дастовардҳои истиқлолият дар 22 сол сухан гуфта, 5 нафар кормандро бо нишони сарисинагии «Аълочии соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ», 29 нафарро бо «Ифтихорнома»-и вазорат сарфароз гардонид. Инчунин ба 16 нафар кормандони вазорат ва сохторҳои системаи он барои иштирок дар чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва қабули меҳмонони «Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об» раҳматнома эълон шуд. Дар чорабинӣ мудири шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Ёрбобоев ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашн табрик намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






