Куштор дар кони ангишти “Назар-Айлоқ”
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ВКД хабар доданд, шаби 2-юм ба 3-юми сентябри соли равон тахминан соати 00:30 дақиқа шахсони номаълум ба утоқи истироҳатии директори кони ангишти “Назар-Айлоқ”-и ноҳияи Рашт Нуриддин Темиров, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Душанбе даромада, бо таппончаи оташфишони тамғаи “Макаров” ӯро парронда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа Темиров Нуриддин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи мазкур ба ҳалокат расид.
Дар айни замон барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон бо фармони вазири корҳои дохилӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи раёсатҳои фаврии Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ва минтақаи Рашт гуруҳи фаврию ҷустуҷӯӣ созмон дода шуда, тафтишоти ин ҷиноят идома дорад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






