Маҷлиси ботантана дар Вазорати молия
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Чанде пеш дар Вазорати молияи ҶТ бахшида ба 22 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардид. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов кормандони вазорат ва муассисаҳои зертобеи онро ба муносибати ин санаи фархунда муборакбод намуд. Сипас президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Мамадшо Илолов зимни суханрониаш аҳамияти Истиқлолияти Давлатии ҷумҳуриро ҳамчун яке аз воқеаҳои таърихии ҳаёти халқи тоҷик ва кишвар маънидод кард.Вазири молия С.Наҷмуддинов ба Мамадшо Илолов барои иштирокаш дар маҷлиси ботантана изҳори сипос карда, ба вай «Ифтихорномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро супурд. Худи ҳамон рӯз чанде аз кормандони пешқадами Вазорати молия бо нишони фахрии «Аълочии хадамоти молияи Тоҷикистон» мукофотонида шуданд.Як қатор кормандони Дастгоҳи марказии вазорат ва мақомоти молияи ҷумҳурӣ бо «Ифтихорнома» — ҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






