Маркази саломатӣ дар деҳаи Боғикалон фаъол гардид
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар давоми ҳафтаи сипаришуда раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба фаъолияти маркази саломатӣ дар деҳаи Боғикалон ҳусни оғоз бахшид. Қоҳир Расулзода аз дармонгоҳи минтақавӣ дидан карда, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод.
Раиси вилоят дар ҳузури кормандони марказ ва сокинони маҳал иқдоми соҳибкор — Набӣ Ҳамдамов ва фарзандони ӯро намунаи ибрат арзёбӣ карда, ба роҳбарияти раёсати тандурустӣ дастур дод, ки барои таҷҳизи маркази саломатӣ бо таҷҳизоти физеотерапевтӣ ва дандонпизишкӣ тадбирҳои амалӣ андешанд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки маркази саломатӣ бо барқи доимӣ таъмин шавад, то сатҳи хизматрасонии тиббӣ беҳтар гардад.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, Маркази саломатӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои ҳуҷраҳои амрози занона, эмгузаронӣ, ташхисӣ ва утоқҳои табибон мебошад. Ин марказ бо харҷи 550 ҳазор сомонӣ бо тарҳи замонавӣ бунёд гардидааст. Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкор барои маркази саломатӣ як мошини «Ёрии таъҷилӣ» харидорӣ шудааст. Дар ин рӯз ҳамзамон туйи суннатии 3 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд барпо шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






