Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ
Душанбе, 4 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз ба ифтихори солгарди 22-юми истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беш аз 400 нафарро бо мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ, рутбаҳои олии низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз намуд.Дар оғози маросими мукофотсупорӣ шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир бо ордени Ситораи Президент дараҷаи 3 сарфароз гардонда шуд.Сипас шахсиятҳои зиёди дигар, ки дар рушду нумуи бахшҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму техника, фарҳанг ва хизмати давлатии Тоҷикистон саҳми арзандаи таҳсин гузоштаанд, бо ордени Шараф дараҷаи 2, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонҳои гуногуни фахрӣ, аз ҷумла Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд. Кормандони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла бунёдкорони иншооти бузурги кишвар ба мисли нерӯгоҳҳои барқӣ, роҳу пулҳо ва нақбҳои мошингард, корхонаҳои истеҳсолӣ, соҳибкорони фаъолу ташаббускор, ки садҳо ҷойҳои корӣ муҳайё намудаанд, коргарони муҳандисию техникии корхонаҳои саноатӣ, деҳқонони асил ва кормандони дигари бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ, намояндагони олимону омӯзгорон, аҳли фарҳанг ва умуман зиёиёни эҷодкор ба гирифтани мукофотҳои давлатӣ мушарраф гардиданд.Шумораи зиёди кормандон ва ходимони ҷасуру далери Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои дигари низомию қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар бо ордени Спитамен дараҷаи 2, медали Марзбони шуҷои Ватан, унвонҳои фахрӣ ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.Ба панҷ нафар олимони варзида ва пурмаҳсули кишвар Ҷоизаҳои, давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника тақдим гардид. Инҳо доктори илмҳои физика ва математика Зафар Усмонов, доктори илмҳои тиббӣ Абдумалик Давлатов, доктори илмҳои тиббӣ Убайдулло Қурбонов, доктори илмҳои тиббӣ Каримҷон Ортиқов ва доктори илмҳои таърих академик Раҳим Масов ва мебошанд. Понздаҳ нафар олимони ҷавон барои корҳои намоёни эҷодӣ ва кашфиёти илмӣ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонда шуданд.Дар охир се нафар ходимони ҳарбӣ ва кормандони баландпояи сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо рутбаҳои олии низомӣ ва махсус сарфароз гардиданд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро бори дигар бо мушарраф шудан бо мукофотҳои давлатию унвонҳои фахрӣ ва ҷоизаҳои давлатию рутбаҳои низомӣ табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки нишондодҳои истеҳсолию хидматӣ ва илмию фарҳангияшон минбаъд боз ҳам афзун мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






