Масъалаи муҳоҷират дар ВАО баррасӣ гардид
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). Имрўз, 27 сентябр дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таҳти унвони «ВАО ва муҳоҷират» мизи гирд баргузор гардид. Дар он намояндагони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ иштирок доштанд. Дар доираи мизи гирд инчунин 35-солагии фаъолияти журналисти шинохта Талабшои Холиқзод доир гардид. Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов Т.Холиқзодро бо рўзи эҷодӣ табрик намуда, бобати мушкилоти муҳоҷират сухан намуд. А.Сатторов масъалаи интихоботи дар пеш истодаро хотиррасон намуда, таъкид сохт, ки ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуқуқи иштирок дар интихоботро доранд ва дар шаҳрҳои Русия нуқтаҳои махсус барои муҳоҷирон ташкил мешавад. Дар мизи гирд инчунин сухангўи шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират Абдуллои Қодирӣ аз номи раиси Хадамот соҳибҷашнро бо 35-солагии фаъолияти эҷод табрик намуд. А.Қодирӣ ба иштирокчиён дар бораи вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ, шумораи умумии муҳоҷирони тоҷик, мушкилоти муҳоҷират маълумот дод. Дар доираи мизи гирд инчунин инъикоси масъалаи муҳоҷират дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар мавриди баҳс қарор гирифт. Дар анҷоми чорабинӣ байни иштирокчиён ва намояндагони Хадамоти муҳоҷират суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






