Муҳокимаи масоили тағйири иқлим

Сентябрь 17, 2013 11:07

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – 16 сентябр дар Иссиқкӯл Конфронси сеюми илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Тағйири иқлим ва хавфи офатҳои табиӣ дар минтақаҳои кӯҳсор» оғоз ёфт. Мақсад аз конфронс муҳокимаи таҳқиқи ҳодисаҳои хавфноки табиӣ ва мубодилаи таҷриба дар мавзӯи омӯзиши ин ҳодисаҳо ва коҳиш додани хавфи онҳо мебошад. Барои иштирок дар конфронс беш аз 140 нафар намояндагони 22 кишвари ҷаҳон аз қабили Олмон, Чехия, Русия, Афғонистон, Непал, Покистон, Британияи Кабир, Белгия, Финляндия, ҳамчунин намояндагони ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба Иссиқкӯл омадаанд.Иштирокдорони конфронс қайд намуданд, ки барои ҳалли масоили марбут ба сабабҳои фалокатҳои табиӣ ва коҳиш додани оқибатҳои онҳо бояд ҳамкории кишварҳои ҷаҳон бештар рушду густариш дода шавад.

Сентябрь 17, 2013 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад