Муҳокимаи масоили тарбияи кӯдакон
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева). – 12 сентябр дар шаҳри Сеули Куриё Форуми минтақавӣ аз рӯи масоили сиёсат дар бахши тарбияи хурдсолон корашро анҷом медиҳад. Ҳайати Тоҷикистон иборат аз президенти Академияи маорифи ҶТ Ирина Каримова ва муовини Вазири маорифи ҶТ Тоҷинисо Маҳмадова мебошад.Иштирокдорони форум масоили мубрами бахши тарбия ва таҳсили кӯдакони хурдсолро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.Дар форум зикр шуд, ки барои баланд бардоштани сифати тарбияи хурдсолон бояд сатҳи зарурии маблағгузории давлатӣ, сарфи назар аз тағйироти иҷтимоию иқтисодӣ, таъмин гардад. Ба фикри иштирокдорони форум усули беҳтарини баланд бардоштани сифати фаъолияти мактабҳо иборат аз беҳдошти муҳити тарбияи наврасон аст.Дар ин бора аз Академияи маорифи ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






