Мубодилаи таҷрибаи кормандони хадамоти маҳбас
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – 16 ва 17 сентябр дар шаҳри Душанбе тренинги кормандони хадамоти маҳбас дар мавзӯи «Рӯи кор овардани ҳабси якумра ҳамчун воҳиди асосии ҳукми қатл дар Тоҷикистон» баргузор мешавад. Тавре ки аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, тренинг бо ибтикори намояндагии Penal Reform International (PRI) (Ренал Рефом Интенейшнл) дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир баргузор мегардад. Мақсад аз лоиҳаи «Тадриҷан бекор намудани ҳукми қатл ва роҳандозии чорабиниҳои башардӯстона баъди ҷорӣ намудани манъи ҳукми қатл ё пурра бекор кардани он» иборат аз ҳифзи ҳуқуқҳои инсон бо роҳи тадриҷан аз байн бурдани ҳукми қатл ва рӯи кор овардани тадбирҳои башардӯстона дар чор минтақаи ҷаҳон аст. Иттиҳоди Аврупо барои татбиқи лоиҳаи мазкур дар Осиёи Марказӣ 161 ҳазору 370 евро ҷудо кардааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






