Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Чинор Рустамова
Душанбе, 19 сентябр (АМИТ «Хвоар»).- 18 сентябри соли 2013 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Чинар Рустамоваро ба муносибати ба охир расидани маъмурияти дипломатии ӯ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазириуфт. Зимни суҳбат Вазир аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ва аз номи худ ба Чинар Рустамова барои саҳми гузоштааш дар ҷодаи таҳкими алоқаҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон миннатдорӣ баён кард. Ҳ. Зарифӣ қайд кард, ки солҳои охир робитаҳои бародарона миёни ду давлат ба сатҳи сифатан нав баромадаанд ва дар асоси ҳамкориҳои мутақобилан судманд бунёд гардиданд. Дар интиҳои вохӯрӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба хонум Рустамова мувафаққиятҳои навро дар масири расидан ба мақсадҳои гузошташуда орзу карда, ба мардуми дӯсти Туркманистон сулҳ ва шукуфоиро таманно намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






