Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳасани Рӯҳонӣ

Сентябрь 13, 2013 09:41

Душанбе, 13 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар шаҳри Бишкек пеш аз оғози ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд мулоқоти дуҷониба анҷом дод.Вохӯрии аввали Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор шуд.Дар мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории бисёрсоҳаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯй сурат гирифт.Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид. Бо хушнудӣ аз афзоиши сармоягузориҳои Эрон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла дар сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ва таъсиси дигар ширкатҳои муштарак изҳори боварӣ карда шуд, ки ин кишвар дар бунёди дигар иншооти гидроэнергетикӣ ва саноатии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузорад.Ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, хатти интиқоли нерӯи барқ ва лӯлаҳои об ва нафт миёни Тоҷикистону Эрон ва ҳамчунин роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.Ҳарду ҷониб ба баргузор намудани як ҳамоиши бузурги соҳибкорону тоҷирони ду кишвар дар шаҳри Душанбе барои таъмини иштироки васеи ҷониби Эрон дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карданд.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунию минбаъдаи Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

Сентябрь 13, 2013 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад