Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати парлумонии Фаронса
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар». — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати парлумонии Фаронса аз гурӯҳи дӯстии “Фаронса ва Осиёи Марказӣ”- ро, ки бо роҳбарии сенатор Андре Дюле ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва сармоягузорӣ, илму техника ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.“Муносиботи Тоҷикистону Фаронса тайи солҳои ахир рӯй ба рушди устувор овардаанд”, — бо қаноатмандӣ изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.Ба гуфти Андре Дюле, “Фаронса, аз ҷумла парлумони он омода аст, аз рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мудом дастгирӣ намояд”.Фаъолияти босамари ширкатҳои дорои шуҳрати ҷаҳонии Фаронса ба мисли Тотал ва Алстом дар Тоҷикистон нишонаи оғози ҳамкории густурдаи иқтисодию сармоягузорӣ ва технологии ду кишвар номида шуд. Ба таъкиди Андре Дюле “ширкатҳои зиёди дигар низ аз Фаронса ба иқтисодиёти Тоҷикистон, хусусан ба бахши саноати кӯҳии он таваҷҷуҳи хоса доранд”.Гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва густариши ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин самт ва ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






