Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Алексей Миллер

Сентябрь 18, 2013 11:28

Душанбе, 18 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси мудирияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Газпроми Федератсияи Русия Алексей Миллерро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи нафту газ ва маводи сухт баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи хос ба ҷараёни корҳои ҷустуҷӯию геологӣ ва истихроҷи нафту газ дар чор мавзеи Тоҷикистон, ки ба ин ширкати бузурги Русия иҷозати коркардаш дода шудаасст, зоҳир гардид.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки пармакунӣ дар мавзеи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав ба умқи 6450 метр расида, кор бояд ба марҳилаи нави омӯзиши захираҳои нафту газ дар ин кони умедбахш гузарад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “корҳои ҷустуҷӯию геологӣ дар мавзеъҳои Шоҳамбарии Ғарбӣ, Ренгани ноҳияи Рӯдакӣ ва Саргазони ноҳияи Данғара низ бояд вусъат дода шаванд”.Алексей Миллер изҳор намуд, ки “оянда ширкати Газпром тасмим дорад сармоягузориро ба корҳои ҷустуҷӯию геологӣ дар Тоҷикистон афзун намояд”.Ҳамчунин дархости ширкати Газпром доир ба дарёфт намудани иҷозатнома дар бораи кор дар дигар мавзеъҳои ояндадори Тоҷикистон баррасӣ шуд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ асоси муҳим барои таҳкими бештари муносиботи стратегӣ ва муттафиқии Тоҷикистону Русия хоҳад буд.

Сентябрь 18, 2013 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд