Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Баронесса Саида Варсӣ
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар».-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир ва Вазири корҳои дин ва ҷомеа Баронесса Саида Варсиро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд.Барои густариши бештари робитаҳои дуҷониба таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла ба имзо расондани лоиҳаҳои пешниҳодгардидаи созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ, оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата, ҳамчунин дар бораи алоқаи ҳавоӣ зарур дониста шуд. Таъкид гардид, ки чунин заминаи ҳуқуқӣ метавонад боиси ҳамкории бесобиқаи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ гардад.Тавсиаи ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, нақлиёт ва иртиботот дорои дурнамои умедбахш номида шуд.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба ҳамгироии ду кишвар барои таҳкими амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба эҳёи иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






