Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сафири Туркманистон
Душанбе, 18 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин Сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон дар Тоҷикистон Чинор Рустамоваро бо сабаби анҷом ёфтани фаъолияти дипломатиаш дар ҷумҳурии мо ба ҳузур пазируфт.Зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти пурсамари дипломати туркман дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба ӯ дар кору зиндагии ояндааш барору комёбӣ таманно намуд.Чинор Рустамова аз таассуроти накӯи худ аз Тоҷикистон ва муносиботи роҳбарияту мардуми кишвар ёдовар шуда, изҳор дошт, ки минбаъд низ барои таҳким ва густариши робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон ҷаҳду талоши худро идома хоҳад дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






