Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сароҷ Кумар Ҷа

Сентябрь 19, 2013 11:23

Душанбе, 19 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт.Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва ҷараёни ташхиси лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун баррасӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос намуда, ҳавасмандии Ҳукумати ҷумҳуриро ба густариши ҳамкорӣ бо ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ таъкид дошт.Сароҷ Кумар Ҷа ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба имконсанҷии иқтисодию техникии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун иттилоъ дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки ҳисоботи марҳилаи заминавӣ ва якуми ин кор, ки ба ҷанбаҳои техникии лоиҳа дахл доранд, охири моҳи сентябри соли равон нашр мегардад ва моҳи октябр дар ҷаласаи машваратии намояндагони масъули ҳамаи кишварҳои манфиатдори минтақа бо иштироки коршиносони мустақил мавриди муҳокимаи ошкоро қарор дода мешавад.Изҳори боварӣ карда шуд, ки имконсанҷии иқтисодию техникии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоию экологии он дар сатҳи боэътимоди байналмилалӣ шаффофу воқеъбинона ва бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа анҷом дода мешавад.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин оид ба оғози татбиқи лоиҳаи CASA-1000 доир ба кашидани хатти барқии 500-киловолта аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.

Сентябрь 19, 2013 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд