Мулоқоти Исматулло Насриддинов бо Михаэл Линҳарт
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- 11 сентябри соли 2013 вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Исматулло Насриддинов бо Дабири кулли навтаъйини Вазорати федералӣ оид ба корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Австрия сафир Михаэл Линҳарт барпо гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Австрия табодули назар карданд. Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки муносибатҳо бо Австрия барои Тоҷикистон хеле муҳим буда, кишвари мо барои рушди ояндаи онҳо манфиатдор аст. Дар навбати худ M.Линҳарт низ ҳавасмандии устувори кишварашро барои густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба баён кард. Зимни мулоқот инчунин доир ба масъалаҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Австрия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ ва САҲА мубодилаи афкор сурат гирифт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






