Мулоқоти Маҳмудҷон Собиров бо Франсуа Делаус
Душанбе, 24 сентябр (АМИТ «Ховар»).- 23 сентябри соли 2013 вохӯрии муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо муовини сардори Раёсати кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса ҷаноби Франсуа Делаус барпо гардид. Зимни вохӯрӣ тарафҳо роҷеъ ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ин муносибатҳо баён карданд. Инчунин ҷонибҳо ҳамкориҳои байни ду кишварро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима карда, дар мавзӯи амнияти минтақавӣ, иқтисод, сиёсат ва сулҳу субот дар минтақа мубодилаи афкор намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






