Мулоқоти раиси КМИР бо намояндагони ВАО
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз бо ташаббуси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки намондагони сершумори воситаҳои ахбори омма баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ба таври шаффоф ва демократӣ гузаронидани интихобот, иштироки васеи намояндагони ВАО, ҳуқуқу уҳдадориҳои намояндагони ВАО мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зикр намуд, ки таъмини ҷомеа бо иттилооти саҳеҳ ва беғаразона вазифаи аввалиндараҷаи ВАО мебошад. Аз ин хотир, ҷараёни маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз ҷониби намояндагони ВАО холисона, беғаразона ва шаффоф инъикос ёбад, то боиси фиреби мардум нагардад. Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Акбаралӣ Сатторов гуфт, ки журналистон назоратчии ҷамъиятӣ ҳастанд ва шаффофу демократӣ баргузор шудани интихобот, дар баробари дигар ташкилоту ниҳодҳои марбута, аз онҳо низ вобастагӣ дорад. Бояд гуфт, ки тибқи дастурамали бо қарори КМИР нашршуда оид ба иштироки намояндагони ВАО дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ВАО ҳуқуқ доранд, ки дар ҷаласаҳои КМИР ва комиссияҳои ҳавзавию участкавии интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, инъикоси фаъолияти шаффоф ва ошкорои онҳоро таъмин созанд. Дар чорабинии мазкур инчунин мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов, сардори Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлия Раъно Каримова, роҳбари дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев оид ба масъалаҳои мухталифи иштироки намояндагони ВАО дар интихобот ва татбиқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.Дар фарҷом раиси КМИР ва дигар коршиносони соҳаи ҳуқуқ ба саволу дархостҳои намояндагони ВАО посухҳои мушаххас доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






