Мулоқоти Ш.Раҳимзода ва А.Гасанов
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 17 сентябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо Сафири Озарбойҷон А.Гасанов баргузор гардид. Тавре ки аз Сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот масоили марбут ба татбиқи Созишномаи байни Озарбойҷону Тоҷикистон дар бораи савдои озод, тааруфа ва боҷҳои гумрукии амволи содиротии Озарбойҷон, барномаи ҳамкории иқтисодии байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2015 ва масоили дигаре, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб мекунанд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Сафири Озарбойҷон қайд намуд, ки рушди босуръати Озарбойҷон дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаи иқтисодиёт, таваҷҷӯҳи созмону ниҳодҳои ҷаҳонро ба худ ҷалб менамояд.Зимни мулоқот ҳамчунин зикр шуд, ки маҳсулоти саноати вазнин, сабук ва хӯроквории Озарбойҷон ба 110 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла ба Канада, ИМА, Ҷопон, Чин, ҳамчунин ба кишварҳои Аврупо, Амрикои Лотинӣ, Шарқи Наздик ва ғайра фиристода мешавад.Вазир рушди ҳамаҷонибаи Озарбойҷони имрӯзаро бо камоли қаноатмандӣ қайд намуда, хоҳиш кард, ки дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Озарбойҷон ташкил карда шавад. Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масоили рушду густариши муносибатҳои иқтисодии ҳар ду кишвар марбут ба иқтисодиёт ва савдо, ҷалби сармоягузорони Озарбойҷон ба Тоҷикистон ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатиро мавриди муҳокима қарор доданд.Ш. Раҳимзода ва А.Гасанов рушди ҳамкории мутақобилан муфиди байни Озарбойҷон ва Тоҷикистон дар бахшҳои мухталифро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






