Мулоқоти Шариф Саид бо Шея Гоантай
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Рӯзи ҷумъаи гузашта раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо директори генералии Раёсати бахши тиҷорати Ҳукумати мардумии ноҳияи мухтори Синҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Шея Гуантай мулоқот анҷом дод.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мувофиқи суханони манбаъ, дар ҷараёни мулоқот муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва масоили ташкилӣ дар мавриди дар шаҳри Душанбе доир намудани намоишгоҳи «Амволи содиротии ноҳияи мухтори Синҷони Уйғури ҶМЧ» мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар натиҷаи гуфтушунид тасмим гирифта шуд, ки намоишгоҳи мазкур аз 27 то 30 сентябри соли 2013 доир гардад.
Зимни гуфтушунид зикр шуд, ки намоишгоҳ ба рушди ҳамкорӣ ва истифодаи судманди имконоти ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






