Муносиботи Душанбеву Париж ба сатҳи нав бароварда хоҳад шуд

Сентябрь 3, 2013 15:31

 
             Душанбе, 3 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Байни  Тоҷикистону Фаронса ҳоло имкониятҳои истифода нашуда хеле зиёданд». Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мулоқоташ бо ҳайати cенаторони  Фаронса, ки бо роҳбарии Андре Дюле — раиси гуруҳи ҳамкориҳои байнипарлумонии дӯстии  Фаронса ва Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон омадаанд, иброз дошт.
               Мусоҳибон тавсеаи ҳамкориҳои тарафайн дар бахшҳои мухталифро аз масъалаҳои муҳими мулоқоти имрӯза арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки ҳарду кишвар шароити мусоидро барои таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи байниҳамдигариро дар кишварҳои худ ба вуҷуд овардаанд. Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ дар бахши сиёсат ва амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, обу энергетика ва экология зоҳир карда шуд. Шукурҷон Зуҳуров сатҳи равобити Тоҷикистон ва Фаронсаро қанотбахш арзёбӣ намуда, гуфт, ки ҳар ду кишвар бояд барои тақвияти муносиботи дуҷонибаю бисёрҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ талош намоянд. Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ҳамкориҳои сиёсии Тоҷикистону Фаронсаро омили аслии рушди дигар соҳаҳо унвон кард. Мавсуф гуфт, ки дар таърихи муносиботи ду кишвар 12 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки пояи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Фаронсаро ба танзим медароранд. Барои ба сатҳи нав баровардани муносиботи Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, хусусан Фаронса эътибор пайдо кардани санади бунёдӣ — Созишномаи ширкат ва ҳамкорӣ — нақши муҳим хоҳад бозид.     Зикр шуд, ки Тоҷикистон метавонад бо Фаронса дар соҳаи гидроэнергетика, электротехника, кишоварзӣ, хусусан таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди мева, сабзавот, коркарди захираҳои маъуднӣ, туризм ва атриёт ҳамкории судмандро ба роҳ монад.  
 Сенатори Фаронса Андре Дюле гуфт, ки ба ҳайси вакили  Сенат аз тамоми имконот барои боз ҳам тақвият ёфтани равобити дуҷонибаи Париж ва Душанбе истифода хоҳад кард. Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин дар самти тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ сурат гирифт.

Сентябрь 3, 2013 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!