Мусобиқаи байналмилалии тирандозӣ
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -Субҳи имрӯз дар пойтахти ҷумҳурӣ бо қарори Шӯрои Марказии ДОСААФ-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маросими тантанавии оғози мусобиқаи байналмилалии тирандозӣ аз яроқи пневматикӣ бо иштироки дастаҳои мунтахаби созмонҳои мудофиавӣ ва варзишию техникии кишварҳои Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Қирғизистон ва Қазоқистон баргузор гардид. Тавре ки котиби матбуоти Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ (КМТҶММ) иттилоъ дод, чунин мусобиқа соли панҷум аст, ки баргузор гардида, имсол дар он беш аз 50 нафар варзишгарону меҳмонон иштирок доранд. Имсол аз Тоҷикистон 15 нафар варзишгар дар ин мусобиқа ширкат меварзад. Аъзои дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ ният доранд, ки дар мусобиқаи байналхалқии «Ҷоми Иттиҳод» сазовори мақоми намоён гарданд. Мусобиқаро КМТҶММ генерал-майори гвардия Музаффар Гулмадов ҳусни оғоз бахшида, варзишгарону меҳмононро ба сарзамини тоҷикон хайрамақдам гуфт. Мусобиқа чор рӯз идома ёфта, рӯзи шанбе ғолибони мусобиқа муайян хоҳанд гашт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






