Мусодираи афюн дар вилояти Суғд
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ (АНМН) амалиёти навбатиро бомуваффақият ба анҷом расонида, аз гардиши ғайриқонунӣ маводи нашъаоварро ошкор ва мусодира намуданд.
Дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд шаҳрванди 26 -солаи ҷумҳурӣ дар гумонбарӣ ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир карда шуд. Дар вақти азназаргузаронӣ аз дастгиршуда як борхалтаи полиэтиленӣ ёфт ва мусодира шуд, ки дар дохилаш маводи рангаш ҷигарии бӯи махсусдошта пинҳон буд. Мутобиқи маълумотномаи озмоишгоҳи ташхиси судии РАНМН маводи мусодирашуда афюн буда, вазни он 1,5 килоро ташкил намуд. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, дастгиршуда ба тавқифгоҳи назорати муваққатӣ ворид карда шуд. Дар айни замон дар доираи парвандаи ҷиноятӣ чорабиниҳои тафтишотию фаврӣ барои муайян ва дастгир намудани дигар шахсони ба ин ҷиноят ҳамроҳ идома доранд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти АНМН хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






