Намоишгоҳи молҳои содиротии «НМСУ ҶМЧ Тоҷикистон-2013»
Душанбе, 26 сентябр.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева). -27 сентябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Намоишгоҳ-ярмаркаи молҳои содиротии «НМСУ ҶМЧ Тоҷикистон-2013» баргузор мегардад.Дар ин рӯз маросими тантанавии кушодашавии намоишгоҳ ва шинос намудани ҳайати расмӣ бо экспозитсияи намоиш дар назар аст. Ҳамчунин муаррифии ҳавзаи Қошғари Ноҳияи мухтори Синҷону Уйғур (НМСУ) дар назар аст.Ташкилкунандагони намоишгоҳ Раёсати рушди савдои хориҷии назди Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии мардумии Чин, Департаменти тиҷоратии НМСУ ҶМЧ, Маъмурияти ҳавзаи Қошғари НМСУ ҶМЧ, Департаменти хоҷагии ҷангали НМСУ ҶМЧ буда, ҳаммуассисони он Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари масъалаҳои иқтисодию тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин мебошанд.Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи мазкур то 30 сентябр идома меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






