Намоишгоҳ – ярмаркаи амволи содиротии «НМСУ ҶМЧ – Тоҷикистон – 2013»
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). – Муносибатҳои Тоҷикистону Чин таърихи қадима дошта бошанд ҳам, вале ҳамкории зичи ҳар ду кишвар маҳз тайи 20 соли охир ҳар чи бештар рушду густариш меёбад. Тайи ин солҳо дар Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳои калон дар бахшҳои энергетика, саноат, нақлиёт ва дар соҳаҳои дигари иқтисодиёти кишвар дар амал татбиқ шуданд. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, алҳол кишвари Чин дар татбиқи беш аз 50 лоиҳаи сармоягузорӣ ширкат дорад, ки як қатор соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт ва иншоотҳои инфрасохтории Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегиранд. Бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард аз ҷумлаи лоиҳаҳои дорои аҳамияти бузург маҳсуб шуда, имкон медиҳанд, ки минтақаҳои гуногуни кишвар бо ҳам пайваст гардида, ҳаракати доимии нақлиёт дар тамоми қаламрави он таъмин карда шавад. Тоҷикистону Чин ҳамчунин ба рушди соҳибкории муштараки хурду миёна таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, барои он шароити мусоид фароҳам меоранд.Тайи солҳои охир дар шаҳри Душанбе шаш маротиба намоишгоҳ – ярмаркаи амволи содиротии «НМСУ ҶМЧ – Тоҷикистон» доир гардид, ки дар он соҳибкорони ҳар ду кишвар бо якдигар муколама намуда, дурнамоҳои муштараки ҳамкориро мавриди муҳокима қарор доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






