Намоишгоҳ – ярмаркаи байналмилалии ЭКСПО
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид дар ҳошияи Намоишгоҳ — ярмаркаи 3 — юми байнаймилалӣ ЭКСПО «Чин – АвруОсиё – 2013», ки аз 2 то 7 сентябр дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин идома меёбад, дар Форуми «Рушди иқтисодӣ ва ҳамкории Чин — АвруОсиё» сухан кард. Дар ин бора аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.Шариф Саид зикр намуд, ки ҳамгироӣ дар савдои ҷаҳонӣ омили муҳими стратегияҳои ҷаҳонии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, бинобар ин тиҷорат бояд ба расидан ба мақсадҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат кунад. Ба гуфтаи Шариф Саид дар ин амр ба ҳалли масоили коҳиш додани вақту хароҷоти сармоягузорон ҳангоми воридшавӣ ба бозори ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Бинобар ин дар ин самт механизми «равзанаи ягона» роҳандозӣ шудааст, ки коҳиш додани хароҷот ва осон гардонидани расмияти бақайдгирии давлатиро пешбинӣ менамояд. Дар робита бо ин, дар кишвар ҳамаи намудҳои тафтиши корхонаҳои навбунёд ба муддати се сол қатъ намуда, андози фоида ва андози арзиши изофӣ коҳиш дода, чор минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил ёфтааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






