Натиҷаҳои АНМН дар ҳафтаи гузашта
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Тавре ки аз дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, кормандони агентӣ дар доираи амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор-2013» роҳи интиқоли маводи нашъадорро аз Афғонистон ба Тоҷикистон баста, шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки дар кофтукови байнидавлатӣ қарор дошт, дастгир намуда, растаниҳои бангдонаи худрӯйро нобуд карданд. Дар ҷараёни гузаронидани амалиёт аз муомилоти ғайриқонунӣ қариб 30 кг маводи нашъадор, аз ҷумла 3 кг ҳашиш, 26 кг каннабис мусодира шуда, 200 бех растаниҳои худрӯйи бангдона нобуд карда шуданд. Дар маҷмуъ барои содир намудани ҷиноятҳои мазкур 3 нафар дастгир шуд, ки 1 нафар аз онҳо пештар барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар кофтуков қарор дошт. Кормандони фаврии АНМН бо истифода аз саги хизматӣ барои пешгирии воридшавии маводи мухаддир ба ҷумҳурӣ гузаргоҳҳои тахминии қочоқчиёнро дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ аз назар гузарониданд. Дар натиҷа дар ҳудуди деҳаи Шанбедеҳ, наздикии дарёи Панҷ як паноҳгоҳ ошкор гардид, ки аз дохили он халтаи полиэтиленӣ ва пакети селофанӣ бо маводи растанимонанди бӯи махсус дошта дарёфт ва мусодира шуд. Мутахассисони шуъбаи ташхиси судии РАНМН дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муайян карданд, ки маводи мусодирашуда каннабис ва ҳашиш мебошанд. Дар натиҷаи чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони агентӣ шаҳрванди ҷумҳурӣ Анвар Юсуфалиев, зодаи деҳаи Боғистони ноҳияи Шаҳринавро, ки барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар кофтукови байнидавлатӣ қарор дошт, дастгир намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






