Нишасти хабарии дастаи варзишии кишвар оид ба иштирок дар Бозиҳои ИҲИА
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ “Ховар”, Фарзона Ашӯрмадова).- Иимрўз дар бинои дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бобати ширкати дастаи варзишии кишвар дар Бозиҳои сеюми варзишии Иттиҳоди ҳамгироии иқтисодии Авруосиё байни наврасону бонувон, ки дар шаҳри Алмаатои кишвари Қазоқистон доир мешавад, нишасти матбуотӣ гузаронида шуд.Дар нишаст роҳбарон ва мураббиёне, ки бо варзишгарон сафарбар мегарданд, иштирок доштанд.Ҳамчунин дар ин робита субҳи фардо, 14-уми сентябр дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ маросими гулчамбаргузорӣ баргузор хоҳад шуд.Бозиҳои сеюми варзишии Иттиҳоди ҳамгироии иқтисодии Авруосиё байни наврасону бонувон аз 14-ум то 21-уми сентябри соли равон дар шаҳри Алмаатои кишвари Қазоқистон баргузор мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






