Оғохон ва ТАТА «Humayuns Tomb»-ро таъмир намуданд
Душанбе, 25 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Ҳиндустон ёдгории таърихии «Humayuns Tomb» таҷдид гардид, ки дар маросими парда бардоштан аз болои ин ёдгории таърихӣ намояндагони баландпояи Ҳукумати ин кишвар -Сарвазири Ҳиндустон Манмоҳан Синх, шоҳзода Карим Оғохони IV, вазири фарҳанги Ҳиндустон Чандреш Кумари Катоҷ, раиси ширкати ТАТА Ш. Ратан Тата, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Деҳлӣ, аз ҷумла, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон Саидбег Саидов, аҳли илму ҳунар, муҳаққиқону бостоншиносон ва меъморон ширкат доштанд.
Бояд тазаккур дод, ки ёдгории таърихии мақбараи Ҳумоюн дар зарфи 7 сол бо сарпарастии «Бунёди эътиқоди Оғохон ба фарҳанг» (Aga Khan trust for culture) ва «Бунёди ТАТА барои фарҳанг» аз нав таъмиру таҷдид гардида, ифтитоҳи он ботантана ҷараён гирифт.
Манмоҳан Синх -Сарвазири Ҳиндустон зимни суханронии худ гуфт: «мутмаин аст, ки Бунёди Оғохон ва Бунёди фарҳангии ТАТА дар оянда дар дигар лоиҳаҳои фарҳангии Хиндустон иштирок намуда, саҳм хоҳанд гузошт.
Шоҳзода Карим Оғохони IV зимни арзёбӣ аз ҳамкориҳои Бунёди Оғохон бо Ҳиндустон таъкид кард, ки Ҳиндустон кишвари афсонавӣ буда, ёдгориҳои зиёди таърихию меъморӣ ва фарҳангӣ дорад. Шоҳзода Оғохони IV аз саҳмгузории хеш дар таъмири ёдгории таърихии Мақбараи Ҳумоюн изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки ин ҳадяест барои мардуми фарҳангдӯсти Ҳинд.
Вазири фарҳанги Ҳиндустон Чандреш Кумари Каточ доир ба мавзеъ ва ёгориҳои нодири таърихиву фарҳангии сарзаминаш ёдовар шуда, аз таъмир баровардани бинои мақбараи Ҳумоюнро як рӯйдоди муҳими таърихӣ унвон кард. Дар фарҷом зимни як барномиа ҳунарӣ устоди ғазалсаро Шуҷоат Ҳусейн Хон бо ҳунари волои худ табъи аҳли маросимро болида гардонд.
Иқдоми Ҳиндустон дар мавриди таъмири ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ наҷиб буда, ҷиҳати ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон ба ин сарзамини афсонавӣ, хусусан тамошои ёдгориҳои таърихию меъмории исломӣ, ки аз аҳди сулолаи Бобуриҳо то имрӯз побарҷост, мусоидат менамояд. Аз сӯи дигар шаҳодати арҷгузории хукумати Ҳинд ба арзишҳои миллию исломии халқиятҳои дигари муқими ин сарзамин ва фарҳангу тамаддуни онҳост.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






